Навиди Вазорат



Оғози фаъолияти ҶДММ “Хантана Канада ИНК” дар шаҳри Хуҷанд

.

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин корхона коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир васлу насб карда шудаанд, роҳандозӣ мегардад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 грамм то 700 грамм ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Хантана Канада” маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бузургтарин давлатҳои воридкунандаи асал мебошанд, содирот мекунад. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст.

Ашёи хом асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ карда мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкат истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст.

Корхона азм дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро дар як сол ба 240 тонна расонад. Дар ҶДММ “Хантана Канада ИНК” зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.    

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати ҷалби бештари субъектҳои нав дастур дода, таъкид доштанд, ки аз имтиёзҳо ва афзалиятҳои фароҳамовардашуда мақсаднок истифода баранд. Имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 29 субъект бо таъсиси 600 ҷойи кор фаъолият дошта, ин корхонаҳо давоми соли 2019 бо маблағи 168 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.

http://www.president.tj/ru/node/22715