Боздид аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2" дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд.
Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, ки таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст.
Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим хоҳад дошт, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
Айни замон дар боғи навбунёд 20 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин тадбир аз як ҷониб ба беталаф ҷамъоварӣ шудани мева мусоидат кунад, аз тарафи дигар ба афзудани даромаднокии сокинони маҳаллӣ аҳамият дорад.
Зимни боздид аз боғи суперинтенсивӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муҳлати пухта расидани мева дар ин гуна боғҳо дертар фаро мерасад. Новобаста ба ин метавон содироти маҳсулоти бадастомадаро ба роҳ монд, зеро дар сардхона мева беосеб ва тару тоза нигоҳ дошта мешавад.
Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав бо риояи қоидаҳои агротехникӣ чунин муайян шудааст: байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди" яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" навъи "зарринтоб"-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо аҳли заҳмат боғпарвариро яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки рушди соҳа дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, дастрасии корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.