Навиди Вазорат



Сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2020, №24/10-17 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода З. А. аз 19 то 23 феврали соли ҷорӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ аз ҷониби Завқизода З. А. бо аҳолӣ ва роҳбарону фаъолони ноҳия вохӯриҳо гузаронида шуда, супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар ва иҷлосияи якуми Маҷлиси Миллӣ даъвати шашум вобаста ба андешидани чораҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ), зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини бозор бо маводи озуқаворӣ ва пешгирии болоравии нарху наво, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, бахусус зиёд намудани майдони кишти картошка то 40 фоиз ва майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60 фоиз расонида шуданд.

Инчунин ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, пурра истифода намудани заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.

Ноҳияи Панҷ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ заминаи босазо гузоштааст. Айни замон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз шуда, ба бозорҳои кишвар ирсол гардида истодааст. Инчунин ҷамъоварии картошка низ дар заминҳои наздиҳавлигӣ идома дорад.

Ҳамзамон дар ноҳия як қатор камбудиҳо вобаста ба истифодаи ғайримақсадноки замин, аз ҷумла дар баъзе мавридҳо ба таври зарурӣ истифода нагардидани заминҳои Президентӣ ва кишти юнучқа дар заминҳои корами обӣ мушоҳида гардида, ба мақомоти масъул супоришҳои қатъӣ барои бартараф намудани камбудиҳои мазкур дода шуданд.

Дар охир Муроҷиатномаи фаъолон ва сокинони ноҳияи Панҷ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои намбурда қабул гардид.