Навиди Вазорат



Тадбирҳои саривақтӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ

.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали хуруҷи пандемияи коронавируси COVID -19 дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вирус ва камкардани таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва камкардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ»-ро татбиқ намуда истодааст.

Яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи нақшаи чорабиниҳои қайдгардида дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳамовардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки иқдоми саривақтӣ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи таъсири бемории сироятии СOVID-19 бинобар сабабҳои қатъ шудани мусофиркашонии байналмилалӣ ва чораҳои карантинӣ дар кишварҳо корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёти ҳавоию заминӣ, хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон бештар зарар диданд ва даҳҳо ҳазор нафар кормандони соҳа ба рухсатӣ равона карда шуданд.
Бинобар аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ин соҳаҳо ба иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 пешбинӣ карда мешаванд. Илова бар ин дар давраи қайдшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа ҳисобкунии фоизҳо барои саривақт пардохт нагардидани андозҳо аз тарафи ин корхонаҳо манъ карда мешавад.
Танҳо дар соҳаи сайёҳӣ тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 215 ширкат ва 282 субъектҳои хизматрасон, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, ҳостелҳо бо шумораи умумии 4648 корманд фаъолият мекарданд.
Ҳамзамон бо сабаби баста шудани бозорҳо, соҳаҳои хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии хӯроки умумӣ, шустушӯи нақлиёт, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бекор ва қисми бештари онҳо бе сарчашмаи даромади иловагӣ монданд. Бо мақсади дастгирии ин гурӯҳи соҳибкорони инфиродӣ онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар кишвар 298,5 ҳазор соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 105,9 ҳазор нафарашон тибқи патент мебошанд.
Ҳамзамон тибқи ҳамин маълумотҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ фаъолият менамуданд. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ аз 1 май то 1 августи соли 2020 озод карда мешаванд.
Расонидани кӯмаки яквақта ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ба оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат мебошад. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар мегардад. То охири соли 2020 мавқуф гузоштани баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба кам шудани хароҷоти корхонаву хоҷагиҳо ва сатҳи таварруми кишвар мусоидат намуда, ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.
Самти дигари дастгирии давлатӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешбинӣ намудани иловапулӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд ба ҳисоб меравад. Барои ин гурӯҳи кормандони тиб чунин кӯмаки молиявӣ саривақтӣ ва ниҳоят арзишнок ба ҳисоб меравад.
Умуман, ҷиҳати таъмини фаъолнокии фаъолияти бахшҳои осебпазири иқтисодиёт, кам намудани сарбории молиявии соҳибкорони хурду миёна, расонидани кумакҳои молиявӣ ба қишри осебпазири ҷомеа ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарифи кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдом андешида шуд.
Ҳукумати кишвар ҳамеша таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо