Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти Умед Давлатзод бо Дидйе Леруа

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазир, Умед Давлатзод бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруа доир гардид.

Ҳини мулоқот ҷонибҳо аз вусъати бемайлон касб намудани муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори хушнудӣ намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои содироту воридоти маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, энергетика, ҷалби ширкатҳои фаронсавӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои мухталиф аз масоили калидӣ ва мубрам дар мулоқоти Умед Давлатзод бо Дидйе Леруа маҳсуб гардиданд. Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.