Баргузории нишасти матбуотӣ дар Вазорат
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки бештар аз 20-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Буриев, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Буриев нишасти матбуотиро бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуда, дар ибтидо мухтасар дар бораи фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2013 маълумот дод. Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Буриев, муовинони Вазир С.Назриев ва У.Давлатзод ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардониданд. Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ”, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба талаботи СУС, фаъолияти корхонаи азими кишвар- “Талко” вобаста ба истеҳсол ва содироти алюминий, инчунин тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар ин ширкат, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ҳаҷми аниқи сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти кишвар, тағйироти вазъи бозор вобаста ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи давлатҳои рӯ ба инкишоф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.