Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин дар шакли видеоконфронс
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 июли соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону азнавсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ, инчунин "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон таклифу пешниҳодҳои тарафҳо вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Хитой, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани содироти меваи тару тоза ва хушк ба бозорҳои хитоӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди сабукиҳои хизматрасонии қарзи давлатӣ вобаста ба паёмадҳои пандемияи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон хуш пазируфта шуданд.
Ҷониби Хитой вобаста ба пешниҳодҳои манзуршуда омодагии худро барои ҳамкорӣ ва расонидани кумаки техникӣ изҳор кард.