Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта

.

Рӯзи 16-уми июли соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.

Дар мулоқот рафти амалишавии маҷмӯи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ё кам кардани паёмадҳои иқтисодӣ вобаста ба пандемияи коронавирус ва ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони рушд, бахусус Барномаи рушди СММ, натиҷаи татбиқшавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҷараёни таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», раванди такмили низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои дастгирии масъалаҳои номбурда, инчунин густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои баррасишуда баён намуданд.