Мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни кормандон барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»
Имрӯз дар доираи дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни кормандон барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар соли 2020 баргузор гардид.
Дар оғоз роҳбарияти вазорат бо ифтихор аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду инкишофи соҳаҳои гуногунҷанбаи варзиш ва ташвиқи тарзи ҳайти солим ҷиҳати шавқовар ва натиҷабахш баргузор шудани мусобиқа ибрози назар намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа хайрамақдам гуфтанд.