Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу

.

21 августи соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ва нақшаҳои СММ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба соҳаи иқтисоди миллӣ муҳокима намуданд.

Хонум Сезин Синаноглу Барномаи мукаммали вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба таъсири COVID-19 дар Тоҷикистонро муаррифӣ карда, қайд намуд, ки барномаи мазкур бо буҷаи умумии беш аз 61 миллион доллар ба 5 самти муҳим пеш аз ҳама "тандурустӣ, "ҳимояи одамон", "чораҳои макроиқтисодӣ", "барқарорсозии макроиқтисодӣ" ва "ҳамгироии иҷтимоӣ" равона мегардад.

Завқизода З. А. оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 7 моҳи соли 2020 ва тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумат мухтасар маълумот дода, аз хонум Сезин Синаноглу хоҳиш намуд, ки кумаку дастгириҳои СММ ва зерсохторҳои онро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баён доштанд.