Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Рушди Осиё
Дар ибтидои мулоқоте, ки 20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Рушди Осиё доир гардид, Вазир, Шариф Раҳимзода омодагии Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Дар аснои мулоқот бо Роҳбари ҳайат, ҷаноби Асадуллоҳ Хон Сумбал атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои афзалиятнок гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Ҳамзамон, ҷонибҳо дар мавзӯи расондани кӯмаки техникӣ ҷиҳати таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таълимоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкори намуданд.