Навиди Вазорат



Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

.

 

Тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 июли соли 2020, №1571 кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич - сардори Раёсати сиёсати савдо ва хизматрасонӣ, Зайниддинзода Саидмурод Ҷумъамурод - муовини сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ - сардори Маркази аналитикӣ, бо медали «Хизмати шоиста» ва Восалиев Алишер Абдусатторович - сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.

Мукофотҳои давлатӣ аз номи Пешвои муаззами миллат ба кормандони вазорат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода тақдим гардид.

Дар ин росто Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин қайд намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки кормандони вазорат ба чунин мукофотҳои давлатӣ ноил гаштанд ва ҳамаи ин аз боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Аҳли кормандони вазорат минбаъд низ барои саривақт ва босифат иҷро намудани вазифаҳои дар пешистода кушиш ба харҷ медиҳанд, ки онҳоро саривақт иҷро намуда, ин бовариро сазовор бошанд.

Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо аз фурсати муносиб истифода бурда, меҳмонон ва кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ба муносибати 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамон табрику таҳният гуфта, ба кору фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.