Навиди Вазорат



Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. бо муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Л. ва муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ортиқов А.

.

 

18 сентябри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудротов Л.Ш. ва Муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ортиков А.Ҷ. баргузор гардид.

 Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ барзузор гардид ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ аз қабили зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак аз ҷумла дар минтақаҳои иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

 

Қайд гардид, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарони ду давлат, ҳамкории стратегӣ босуръат рушд карда, масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

 

Дар анҷоми вохурӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.