Ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ
29 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдулла Нигматович Арипов ҷаласаи 7-уми Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо суръат рушд ёфта истодааст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи имрӯзаи мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Спитамен ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон Артел-Авесто-Электрониксро яке аз нишонаи ҳамкории муваффақи дуҷониба ҳисобиданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар иштирок намуданд.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳои судманд, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузаштанд, роҳбарони ҳайатҳои ҷонибҳо ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия масъалаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, ҳамкориҳои гумрукӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими муштарак баррасӣ шуданд.
Инчунин ҷонибҳо оид ба масъалаи барқарорсозии иртиботи ҳавоӣ ва ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни кишварҳоро мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ изҳор карданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссия Протокол ба имзо расонида шуд.