Оғози сафари корӣ дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо корҳо дар НБО “Роғун”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.

Бунёдгузори иншооти азими аср Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо самимияти хоса истиқбол карданд.

Нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ, ки яке аз иншооти муҳим ва асосии сохтмон ба ҳисоб меравад, шинос шуданд.

Бо азми қавӣ ва иродаи устувор имрӯз бунёдгарон хобондану шибба кардани омехтаи сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро дар танаи сарбанд идома дода, обанборро то ба сатҳи 1080 метр аз сатҳи баҳр расондаанд.

Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 млн. метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 79,4 млн. метри мукааб мебошад. Имрӯз сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд беш аз 100 адад техника, аз қабили мошинҳои гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ сафарбар карда шудааст. Кор дар сарбанд дар ду баст шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, то 35 ҳазор метри мукааб мавод хобонида мешавад. Ҳаракати бетаваққуфи мошину механизмҳои гуногунтамға дар ин корзори нангу номус дарки масъулияти ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии ҳар як сохтмончиро бозгӯ мекунад.

Дар заминаи дастгирии ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгарони Кохи нур талош бар он доранд, ки бо иҷрои саривақтӣ ва таъмини сифатноки корҳо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Баробари иҷрои корҳои заминӣ сохтмончиён ҳамчунин дар ин қитъаи сохтмон васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкуниро низ идома дода истодаанд.

Сифати корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ пурра таҳти назорати ҷиддии мутахассисон қарор дорад. Баъди хобонидани ҳар қабат коргарони озмоишгоҳ намуна гирифта, таркиби донабандии сарбандро аз ташхис мегузаронанд ва дар сурати ба даст омадани натиҷаи мусбӣ ба хобонидани қабати навбатӣ иҷозат медиҳанд.  

Дар қисми пеши сарбанд ба хотири нагузаштани об то сатҳи 1080 метр зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ маводи зиддиполоишии геомембрана, ки асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол мегардад, насб шудааст. Тибқи маълумот чунин мавод дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар ягон кишвар истифода нагардидааст.

Дар дигар мавзеъҳои Сарбанд, яъне ду тарафи соҳил, корҳои ҳамворкунӣ, бетонпошӣ, анкерхобонӣ ва дигар корҳои зарурӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.

Тавре аён гардид, кор дар мавзеъҳо бо истифода аз техникаву механизми пуриқтидор аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси соҳа иҷро мешаванд.

Корҳои сохтмониро дар сарбанди нерӯгоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ва дорои таҷрибаи ғанӣ иҷро менамоянд.

Зимни шиносоӣ бо корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ Сарвари давлат ба роҳбарияти Ширкати “Вибилд” дастур доданд, ки бунёди сарбанд дар муҳлат ва бо сифат, ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ ба анҷом расонида шаванд.

Дар баробари мутахассисони дорои таҷрибаи зиёди корӣ имрӯз дар корзори “Роғун” ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст низ бо дасту дили гарм ва умед ба ояндаи боз ҳам шукуфони Ватан баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ камар бастаанд.

Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иродаи устувор ва неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аҳсан хонданд.

http://www.president.tj/ru/node/24284

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное