Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. бо Директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар Тоҷикистон ҷаноби Микаэл Каутту
14 октябри соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин бо Директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон (IFAD) ҷаноби Микаэл Каутту таввасути видеоконфронс мулоқот анҷом доданд.
Дар доираи мулоқоти мазкур ҷонибҳо татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа марҳилаи II» - ро, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд маблағгузорӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ин таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот, дастгирӣ дар раванди татбиқи ислоҳоти кишоварзӣ пешбарии фаъолиятҳо дар самти пешбурди иқтисодиёти сабз ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад.
Ҷониби Тоҷикистон диққати Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистонро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар кишвар, бахусус ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда, обхезиҳо, шусташавии заминҳои корам, фаромадани ярч ва паҳншавии малах ҷалб намуда, зикр кард, ки чунин ҳолатҳо бештар дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасанд.
Инчунин, дар рафти мулокот Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. пешниҳод намуд, ки дар лоиҳаи номбурда масъалаҳои рушди иқтисоди сабз ва Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба инобат гирифта шаванд.
Дар анҷоми вохурӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.