Мулоқот бо Роҳбари намояндагии JICA
Дар доираи татбиқи лоиҳаи муштарак имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини Вазир Саидраҳмон Назриев бо Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Казуя Суэта баргузор гардид.
Густариши ҳамкории судманд байни Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба курсҳои омӯзишии JICA бештар фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, роҳандозии барномаҳои дигари таълимӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқоти дуҷониба буданд. С.Назриев ва Казуя Суэта, ҳамчунин, оид ба тадбирҳое, ки баъди узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар кишвар анҷом дода мешаванд ва дар ин замина бештар тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, алалхусус, дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард ибрози назар намуданд.