Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир, Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Марша Олив баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо дар хусуси раванди шаҳришавӣ ва таъсири он ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, қиёс намудани ин ҳолат бо шаҳрҳои на он қадар бузурги Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Туркия, ки дар он ҷо чунин як тадқиқот аз ҷониби намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст, ҳамчунин, вазъи соҳаи хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, роҳҳои рушди минбаъдаи ин соҳаи ҳаётан муҳим, таҳияи Стратегияи бахши хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Вобаста ба масъалаи мазкур таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи рушди институтсионалии соҳа таъсис додани Фонди рушди хизматрасониҳои коммуналӣ пешбинӣ мегардад, ки ҷиҳати ҳавасмандкунӣ ва рушди минбаъдаи соҳа нигаронида шудааст.