Навиди Вазорат



Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ боздид аз Тоҷикистон анҷом медиҳад, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат боз ҳам таъкид доштанд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққати ҷониби мо қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд карданд.

http://www.president.tj/node/24350

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное