Навиди Вазорат



3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ (China International Import EXPO)

.

4 ноябри соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин тариқи видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ (China International Import EXPO (CIIE)), ки таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин баргузор гардид, иштирок намуд.

Бояд қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Хитой яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои чорум мебошад. Дар 9 моҳи соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 342,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ бо Хитой 660,9 млн. долларро ташкил дод.

Дар маросими мазкур сарони як қатор давлатҳо аз ҷумла Ӯзбекистон, Покистон, Чили, Сербия, Испания, Папуа Гвинеяи Нав ва Африқои Ҷанубӣ инчунин директорҳои генералии ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (WTO), Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD), Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WIPO) ва Ташкилоти озуқавории ва кишоварзии СММ (UN FAO) ширкат варзиданд.

Маросими кушодашавиро Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин бо сухани ифтитоҳи кушода қайд кард, ки Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва муаррифии иқтидори саноатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат мусоидат менамояд.

Дар намоишгоҳи қайдшуда зиёда аз 150 намояндагони давлатҳо ва зиёда аз 500 ширкату корхонаҳои азими ҷаҳон маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар ин намоишгоҳ пешниҳод намуд. Қайд бояд кард, ки аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 намоишгоҳи қаблӣ шартномаҳо ба маблағи зиёда аз 5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.