Навиди Вазорат



Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

5 ноябри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат – Сафарзода Баҳодур Пулод зимни суханрониашон қайд карданд, ки Конститутсия яке аз муҳимтарин рукнҳои мавҷудияти давлати соҳибистиқлол буда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.