Мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо Намояндагони Ассотсиатсияи «KOSHUMA»
12 ноябри соли 2020 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. бо ҳайати Корея таҳти роҳбарии Намояндаи Ассотсиатсияи «KOSHUMA» ҷаноби Ҷэ Бок Шин мулоқот намуданд. Инчунин дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулода ва Муҳтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул муҳтарам Шарифзода Ю. иштирок карданд.
Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба, амиқгардонии ҳамкориҳо, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохтор, ташкили паркҳои технологӣ, марказҳои логистикӣ барои коркард ва содироти молҳоро бо ҷалби сармояи Корея дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот Муовини вазир қайд намуданд, ки соли 2017 дар рафти сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таъсиси МОИ «Панҷ» ба 3 корхона санги асос гузошта шуд, ки аз нав барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки МОИ «Кӯлоб» бо масоҳати 309 гектар соли равон ба кор шурӯъ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар самти таъсиси корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нахи пахта, бахусус корхонаҳои бузурги нассоҷӣ ҳама имтиёзҳои заруриро доранд.
Инчунин қайд карда шуд, ки иқтисоди рақамӣ дар кишвар босуръат рушд карда, имконияти хуб барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея бо истиводаи таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Корея мебошад.
Пас аз анҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.