Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии робитаҳои иқтисодӣ бо ҶМА

.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мисри Араб аз мавзуъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Муҳаммад Абдусаттор ал-Бадрӣ маҳсуб меёфт, ки рӯзи 5 марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид. 

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, вазъ ва рушди соҳаи гидроэнергетика, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, рушди туризм ва ташкили инфрасохтори он, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, алалхусус, дар бахши омӯхтани таҷрибаи хизматрасонӣ ва инфрасохтори туризм дар Миср, рушди бозори байналмилалии сайёҳӣ, тамоюлоти нав дар рушди саноати меҳмонхонавӣ баён доштанд.