Рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Словакия
Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар оғози вохӯрӣ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) ҷаноби Павол Иванро барои ташриф ва таъйин шуданаш ба ин мақом таҳният намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки аз ин пас робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар бештар густариш хоҳанд ёфт.
Ш.Раҳимзода дар баробари воқиф намудани Сафир аз вазъ ва иқтидори иқтисодии кишвар ба дастовардҳои Ҷумҳурии Словакия дар самти рушди устувори иқтисодӣ, алалхусус, дар соҳаҳои саноати автомобилсозӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди туризм ишора намуда, ҳамкориро дар ин бахшҳо афзалиятнок ҳисобид.
Ҷаноби Павол Иван низ мусоидати хешро ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мазкур яке аз самтҳои фаъолияташ маҳсуб дониста, омодагии кишварашро барои вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён дошт.