Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
24 ноябри соли 2020 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.
Дар ҳамоиш кормандони вазорат дар васфи Парчами миллӣ суханронӣ намуданд ва қайд карданд, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллати куҳанбунёди мо буда, волотарин мақсаду мароми мардумро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Дар итминони ҷамъомад Солеҳзода А.А. бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худашон ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат ва дар фаъолияти корӣ пешравию комёбиҳо таманно намуд.