Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти Вазир бо сафирон

.

Ба роҳ мондани асосҳои ҳуқуқию шартномавӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сербия дар мулоқоти имрӯзаи Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори ин кишвар доктор Славенко Терзич мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароти ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Сербия, соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат ва гидроэнергетика, ҷалби сармоягузорӣ, имконият ва иқтидори содиротӣ, рушди сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъсис додани Комиссияи байниҳукуматӣ, бастани Созишномаҳои дуҷониба ва ташкили бизнес-форумҳо иқдом пеш гирифта хоҳад шуд.

Имрӯз, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода, ҳамчунин, бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Таршоҳонӣ мулоқот анҷом дод, ки дар он роҳандозӣ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.