Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон рӯзҳои 1-4 декабри соли 2020
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта ва дар маҷмуъ шиносоӣ аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва вазъи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин аз 1 то 4 декабри соли 2020 ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд.
Дар рафти сафари корӣ Завқизода З. А. аз вазъи зиндагии аҳолии ноҳия, сохтмони иншооти ҷашнӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишту кори тирамоҳӣ ва ғайраҳо шинос гардиданд.
Аз ҷумла дар шаҳраки Панҷ аз рафти сохтмони биноҳои маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи ноҳиявии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати деҳоти Намуна аз сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №44, фаъолияти хоҷагиҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ, ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии Сомонӣ-1, инчунин дар ҷамоати деҳоти Меҳвар аз сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №36, 8 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №42, 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №32, толори варзишӣ, сохтмони даромадгоҳ, сангфарш ва чароғонкунии 1 км роҳи деҳаи Сабзихарф, кишти такрории сабзавотҳо, аз қабили карам, сабзӣ, пиёз ва ғайраҳо дидан намуданд.
Ҳангоми боздид аз ҷониби Завқизода З. А. як қатор камбудиҳо, аз ҷумла аз ғузапоя тоза нагардидан ва ба шудгор омода набудани заминҳои корам, ба пуррагӣ риоя нагардидани қоидаҳои бехатарию сейсмологӣ дар сохтмони баъзе иншооти ҷашнӣ ошкор гардида, ба масъулини ноҳия ҷиҳати бартараф намудани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Инчунин Завқизода З. А. ҷиҳати сари вақт ба итмом расонидани кишти тирамоҳӣ, омода намудани заминҳо ба кишти барвақтии баҳорӣ, истифодаи пурраи заминҳои корам, бо риояи талаботи сохтмонӣ ва сифати баланди меъморӣ сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ва дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро вазифадор намуданд, ки бо дарки масъулияти баланд мунтазам чораҷӯӣ намоянд.