Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Покистон

.

Дар назар аст, ки рӯзҳои 14-16 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ташаббуси Палатаи савдо саноати ин кишвар дар якҷоягӣ бо Вазорати тиҷорати Покистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардад, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват гардидаанд. 

Вобаста ба ин мавзуъ, яъне даъвати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин конфронс, имрӯз, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати Покистон таҳти роҳбарии доктор Шимаил Доуд Арайн, Раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар баргузор гардид, ки дар он, ҳамчунин, Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе ҷаноби Амчад Ҳусайн Б.Сиал ширкат варзид.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ таъкид гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сол ба сол рушд меёбад. Аз ҷумла, гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2013 нисбат ба соли қаблӣ 17,6% афзоиш ёфтааст. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳанӯз имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд зиёд мебошанд ва самаранок истифода бурдан аз онҳо боиси дучанд афзудани гардиши мол ва тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мегардад.

Ҳангоми вохӯрӣ ҳамчунин, афзалиятҳои ворид кардани маҳсулот ба Тоҷикистон аз бандарҳои Покистон, зудтар имзо намудани созишномаҳои транзитӣ ва ғайра баррасӣ гардида, баргузории ин конфронс дар самти рушди муносибатҳои минтақавӣ нек арзёбӣ гардид.