Навиди Вазорат



Ҷаласаи чоруми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Санаи 22 декабри соли 2020 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини устувории низоми молиявии кишвар дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи сеюми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба монеаҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҷории бозори суғурта ва роҳҳои беҳтар кардани он шунида шуданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои мавсимӣ, дохилӣ ва берунӣ ба бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҷиҳати идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба рушди бозори молиявӣ муҳокимарониҳо анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки шиддат гирифтани рақобату номуайяниҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ, зиёд гардидани мушкилиҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар саросари ҷаҳон собит месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ, ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад.

Дар ин ҷода, таъкид гардид, ки баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ, бахусус фаъолияти бозори аввалия ва такрории коғазҳои қиматнок, инчунин вазъи бозори суғурта дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар ҷойгоҳи муҳим дошта, ба зиёд шудани воситаҳои молиявии бахши воқеии иқтисодиёт мусоидат менамояд ва фазои молиявии кишварро беҳтар месозад. 

Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва диверсификатсияи воситаҳои маблағгузории дарозмуҳлати бахши воқеии иқтисодиёт, тавассути пурзур намудани иқтидор ва рақобатпазирии ширкатҳои суғуртавӣ, таъмини рушди бозори коғазҳои қиматнок, истифодаи воситаи ҷойгиркунӣ дар биржаҳои фондӣ, ки айни замон бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ дар кишвар маҳдуд мебошанд, инчунин дар доираи нишондҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, қарорҳои дахлдор қабул гардида, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо вазифадор карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.