Ҳамоиши минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйироти иқлим
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Марша Олив баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо дар атрофи Форуми дуюми Осиёи Миёнагӣ оид ба масъалаҳои тағйироти иқлим: «Дар роҳи муваффақгардии устувории минтақавӣ ба тағйироти иқлим», ки дар назар аст 13-15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шавад, мубодилаи афкор намуда, баргузории чорабинии мазкурро муҳим ва манфиатнок ҳисобиданд.
Вобаста ба ин, дар доираи чорабинии мазкур санаи 15 май ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба таъмини устуворӣ ба тағйироти иқлим барои Осиёи Миёна» гузаронида мешавад, ки ба он ҷиҳати ширкат намояндагони ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ расман даъват карда шуданд.