«Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ»
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ёздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) ва ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас доданд. Дар ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, рафти фаъолияти Низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ инчунин савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаҳои мазкур иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии худ вобаста ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо ба мақомоти дахлдор супориш дода буданд, мебошад. Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. Аз натиҷаи ҷаласаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардида, протокол ба имзо расид.