Навиди Вазорат



Фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

.

12 январи соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамаи кормандони Дастгоҳи маркази ва меҳмононро ба ифтихори Соли нави мелоди табрику таҳният намуда аз раванди фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир ва ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.

Сипас котиби ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Таваралиев Эраҷ аз дастовардҳои Вазорат ва ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ» ёдовар шуда қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти ҳизбро тақвият бахшида, ба корҳои таблиғоти оиди қабул ба сафи ҳизб дар байни кормандону донишҷӯён корбари шуда инчунин дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва бепарасторон дар соли 2020 аз тарафи роҳбарияти вазорат кӯмакҳои модди ва туҳфаҳои идона дастрас шудааст.

Баъдан меҳмонон Исҳоқӣ Ҳусния-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сайдализода Шоира Файз-мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.И.Сомонӣ, Фируз Рузизода- сармутахассиси шӯъбаи ташкили ва кор кадрҳои Дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ низ суханрони карда аз дастовардхои ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо пазирои карданд.

Чорабиниро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдурахмон ҳусни анҷом бахшида, аз иштирокдорони он даъват ба амал овард, ки баҳри ҳифзи истиқлоли давлатӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъмини зиндагии осоишта ва арзанда барои мардуми Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми малака ва неруи худро равона намоянд.