ЭЪЛОН!!!
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон менамояд.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур, муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имкониятҳои истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифгари маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Дар озмун шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодӣ доранд, инчунин аз синни 16 сола боло бошанд, иштирок карда метавонанд.
Барои иширок дар озмун довталабон бояд ариза дар шакли муайяннамудаи ташкилкунандагони озмун, нишони сохташуда бо тавсифаш ва шиноснома пешниҳод намоянд.
Нишонаи пешниҳодшаванда бояд диққатҷалбкунанда, муосир, дилкаш ва хотирмон бошад, таърих, фарҳанг ва анъанаи халқи тоҷикро бо таври махсус инъикос намояд, инчунин муаррифгари Тоҷикистану маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Иштирокчии озмун метавонад якчанд нишонаро, ки тибқи тартиби муқарраргардида офаридааст, пешниҳод намояд.
Ғолиби Озмун бо ҷоиза, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар Озмун ба суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14а (Бинои муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешниҳод намоянд.
Намунаи ариза ва Қоидаҳои ташкилу баргузории озмуни мазкурро метавонед аз суроғаи ncpi.tj дастрас ва мутолеа намоед. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 227 47 47, 909 17 55 55.