Таҳти раисии муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид
Таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид рӯзи 23 январи соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботҳои Котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и "Суғд", "Данғара", "Панҷ", "Ишкошим" ва "Кӯлоб" шунида шуд. Қайд гардид, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 72 субъект бо таъсиси 1091 ҷои корӣ фаъолят доранд, ки дар соли 2020 ба маблағи 200 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намуданд.
Муовини якуми Сарвазир муҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид карданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади асосии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Раиси Шӯрои нозирон камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаи ҳар як минтақаи озоди иқтисодиро қайд намуда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасогиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо Протоколи дахлдор қабул гардиданд.