Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти Вазир бо Юрий Морару

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Омодагӣ ба ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Швейтсария, ки баргузории он дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва гузаронидани бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз мавзуъҳои калидии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо узви мудирияти Кумитаи иҷроияи Палатаи муштараки савдои Швейтсария-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаноби Юрий Морару маҳсуб ёфтанд, ки нимаи дуюми 3-юми апрели соли ҷорӣ дар Вазорат рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид. 

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ба ин чорабинииҳои муҳим ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, нақлиёт ва сохтмони роҳу нақбҳо, саноати сабук, маводи сохтмон ва рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 5-6 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе доир гардид. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, дар соли гузашта тибқи омори расмӣ 83244,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Аз Швейтсария ба Тоҷикистон асосан маводи доруворӣ, ранг ва маводи кимиёвӣ, моддаҳои сафеда, ҳамчунин, қисм ва лавозимоти мошину таҷҳизот ворид гардидааст. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное