Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд
2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ вусъат гирифта, тадбирҳои ободонӣ амалӣ мешавад. Бо таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ-иҷтимоӣ рушд меёбанд.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Сада ва оғози иқдому амалҳои нави созандагӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси боз як марҳилаи пешрафт дар вилоят мегардад.