Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Мунео Такасака

.

Рӯзи 9 феврали соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Мунео Такасака баргузор гардид.

 

Дар рафти вохурӣ тарафҳо вобаста ба тавсеаи фаъолияти Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA), аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори Котиботи Шӯрои Миллии Рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони кишвар дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути курсҳои омӯзишӣ ва барномаҳои муштарак ва самтҳои дигари ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои ба сатҳу сифати нав баровардани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) иброз намуданд.