Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорат

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. 

Дар ҷаласа қайд гардид, ки ин ҷашн дар ҳақиқат эътирофгари саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафту мутараққӣ мебошад. Онҳо қудрату тавони таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардумро доранд.

Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони собиқадори Дастгоҳи марказӣ барои фаъолияти пурсамарашон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.