Баррасии ҳамкорӣ бо коршиносони БРАО
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир Неъматҷон Буриев бо ҳайати коршиносони Бонки рушди Авруосиё-мудирияти маблағҳои Хазинаи зиддибуҳронӣ таҳти роҳбарии Алишер Мирзоев баргузор гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаригашта, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат, ислоҳот ва дигаргуниҳо баъди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои мувофиқа намудани барномаҳои миёнамуҳлате баён доштанд, ки пешбинӣ мегардад барои татбиқи онҳо аз ҷониби Хазинаи зиддибуҳронӣ қарзи молиявӣ пешниҳод карда шавад.