Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара дар вазорат
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ Вазир, Шариф Раҳимзода маърӯза намуд.
Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди ММД, сатҳи таваррум, гардиши савдои чакана, вазъи корхонаҳои саноатӣ, рушди содирот ва вазъи воридот, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.