Навиди Вазорат



Машварати корӣ

.

19 феврал дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, баррасӣ гардида, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум, рушду пешрафти кишвар, истиқболи сазовор аз ҷашнҳои муҳим ба роҳ монда шудааст, аз ин ру ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

 

www.president.tj