Вохӯриии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон
22 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо хонум Пратибха Меҳта намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид БРСММ дар Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Завқизода З.А. оид ба чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар карданд.
Ҳамзамон Завқизода З.А дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои БРСММ ва зерсохторҳои онҳо барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар равона карда шаванд. Дар навбати худ хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ шуморида, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва ҷалби маблағҳои бештарӣ грантӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.
Аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои пешгирии оқибатҳои паёмадҳои пандемияи коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ, амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён намуданд.