Навиди Вазорат



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин аз рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва самараноки замин ва шиносоӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин рӯзҳои 23-25 феврали соли 2021 ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд.

 Дар рафти сафари корӣ Завқизода З. А. аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда, бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус соҳаи маориф, тандурустӣ, саноат ва кишоварзии ноҳия шинос гардиданд.

Айни замон аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда то ин давра 164 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 46 иншоот, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо ва ғайраҳо тибқи нақша идома доранд.

Завқизода З. А. ба масъулини ноҳия ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ, сари вақт ва бо сифати баланди меъморӣ сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, омода намудани техникаҳои кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо, истифодаи самараноки замин, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, тақвияти таълиму тарбия дар самти омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм фуруғи маърифат»супоришҳои мушаххас доданд.