Навиди Вазорат



Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики асосии тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо гардид

.

Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2020 шарики асосии тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо гардид. Тибқи маълумоти омори Аврупо дар соли 2020 ҳаҷми воридот аз Хитой ба Иттиҳоди Аврупо 463,2 млрд. доллар (5,6 фоиз зиёд нисбат ба соли 2019) ва ҳаҷми содирот аз Иттиҳоди Аврупо ба Хитой 244,6 млрд. долларро (2,2 фоиз зиёд) ташкил дод.

 

Дар баробари ин дар соли 2020 ҳаҷми воридот аз ИМА ба Иттиҳоди Аврупо 244 млрд. доллар (13,2 фоиз кам нисбат ба соли 2019) ва содирот аз Иттиҳоди Аврупо ба ИМА 427,4 млрд. долларро (8,2 фоиз кам) ташкил кард.

Федератсияи Россия дар соли 2020 аз рӯи ҳаҷми савдо бо Иттиҳоди Аврупо ҷои 5-умро ишғол намуд. Дар соли 2020 ҳаҷми содирот аз Россия ба Иттиҳоди Аврупо ба 115 млрд. доллар (34,3 фоиз кам нисбат ба соли 2019) ва воридот аз Иттиҳоди Аврупо ба Россия ба 95,4 млрд. доллар (10 фоиз кам) баробар гардид.