Вохӯриии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалӣ (Foreign, Commonwealth & Development Office (FCDO). (Пештар Дафтар оид ба рушди байналмилалӣ, DFID)
4 марти соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо хонум Ҳонор Фланаган роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалӣ мулоқоти корӣ анҷом намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Завқизода З.А. оид ба чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар карданд.
Ҳамзамон Завқизода З.А дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалӣ барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд. Дар навбати худ хонум Ҳонор Фланаган, роҳбари вазорати қайдгардида масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ шуморид.
Аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои пешгирии оқибатҳои паёмадҳои пандемияи коронавируси (COVID-19) ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди иқтисоди сабз, мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён намуданд.