Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни миллӣ - Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – Иди Наврӯз ва баҳор аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 15 халта орд, 75 литр равған, 40кг гӯшти гов, 50кг биринҷ, 102кг макарон, 50кг шакар, 20кг шоколад ва 20кг кӯлчақанд расонида шуд.
Табрикоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Иди Наврӯз ба тамоми таълимгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод расонида шуда, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ятимону маъюбонро дастгирӣ ва ғамхорӣ намуда, тамоми шароитро барои онҳо муҳаё намуда истодааст.
Дар заминаи дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳо ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб софдилона хизмат намоянд.
Айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар ятимони кул бо шароитҳои хуб таълиму тарбия мегиранд.