Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Гурҷистон
Ба роҳ мондани асосҳои ҳуқуқию шартномавӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурҷистон аз мавзуъҳои калидӣ дар мулоқоти имрӯзаи Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ин кишвар Константин Жгентӣ маҳсуб гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Гурҷистон, соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, рушди соҳаҳои саноат ва гидроэнергетика, ҷалби сармоягузорӣ, имконият ва иқтидори содиротӣ, рушди сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.