Навиди Вазорат



Сафари Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои иштирок дар ҷашни тантанавии Наврӯзи байналмилалии соли 2021

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ, шароити зиндагии аҳолӣ ва раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода шуд.

 

Санаи 20 марти соли ҷорӣ Завқизода З. А. як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ, гармхонаҳои замонавӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хати оби нӯшокӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва ғайраҳоро ифтитоҳ намуданд.

Қайд бояд кард, ки иқтидори корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ дар марҳилаи аввал 1250 дона нон дар як шабонарӯз буда, 10 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо ин намуди маҳсулот таъмин менамояд ва 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бо ба истифода додани ду хати оби нӯшокӣ 4,5 ҳазор сокинони деҳаҳои совхози Панҷ ва деҳаи Отчапари ҷамоати деҳоти Озодагон бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.

Қисми зиёди иншоотҳои мазкур аз тарафи сокинони ноҳия, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони ноҳия бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар ин самт аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” барои таъмини синфхонаҳои мавриди истифода қарорёфта 284 адад комплекти мизу курсии дуҷоя барои хонандагон, 50 адад курсиҳои ниммулоим, 37 мизи якҷевона барои муаллимон, 25 тахтаи синфии сеқабата, 24 ҷевон барои китоб ва асбобҳои аёнӣ ва ғайраҳо тақдим карда шуданд.

Дар маҷмӯъ то ин давра аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда дар ноҳияи Панҷ, корҳои сохтмонию таъмирӣ дар 176 адад ё 84 фоизи онҳо ба анҷом расонида шуда, дар 34 иншооти боқимонда корҳо идома доранд.