Идомаи сафар: иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷашни Наврӯзӣ дар ноҳияи Панҷ
21 марти соли 2021 дар ноҳияи Панҷ бо иштироки Завқизода З. А. чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки фаъолон ва сокинони ноҳия баргузор гардиданд.
Сараввал аз ҷониби роҳбарияти вазорат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар фазои идона ба ятимону бепарасторони ноҳия кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.
Дар идома Завқизода З. А. аз ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби деҳқонон ва сокинони ноҳия ташкил гардида буд, дидан намуда, ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таъмини бозори кишвар дастурҳо доданд.
Завқизода З. А. дар чорабинии ҷашнии ноҳия баромад намуда, сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик карданд.
Қайд гардид, ки ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз 6000-сола дошта, бо шарофат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё ва ҷашни ҷаҳонӣ гардид.
Ҳамзамон мардуми ноҳияро барои тозаю озода ва ободу зебо намудани ҳавлию хонаи худ ва рушду нумуи ноҳия, тақвият додани корҳои ободонию бунёдкорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Наврӯзи ноҳия дар сатҳи баланд таҷлил гардида, бо роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия ва барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.