Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи чоруми комиссияи байниҳукуматӣ дар Вазорат

.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша 5 июни соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Полшаро ҷаноби Анҷей Диха, Муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Полша роҳбарӣ намуд. Ҷониби Тоҷикистонро Умед Давлатзод-Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо роҳбарӣ карданд.

Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи бештар ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дода шуд. Муҳиммияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, сохтмони инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук, кори бонкӣ ва суғурта аз мавзуъҳои дигари гуфтушунидҳо буд.

Мавриди зикр аст, ки сатҳи ноустувори гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша ба назар мерасад, агар дар соли 2012 он ҳамагӣ 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, дар соли 2013 ин нишондод рӯ ба коҳишёбӣ ниҳода 4,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар доираи баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша 6 июни соли ҷорӣ бо иштироки васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб Бизнес-Форум баргузор мегардад, ки дар он имкониятҳои сармоягузории тарафҳо муаррифӣ хоҳад шуд.

Дар интиҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ санади дахлдор ба имзо расид.